Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ананд қаҳрамонии шоҳмоти дунёро ҳифз кард


Вишванатан Ананд
Вишванатан Ананд
Вишванатан Ананд аз Ҳинд унвони қаҳрамони шоҳмоти ҷаҳонро ҳифз кард. Ӯ дар Маскав дар 4 бозии изофӣ бар шоҳмотбози исроилӣ Борис Гелфанд бо ҳисоби 2,5:1,5 ғолиб омад. 12 бозии даври ниҳоӣ байни онҳо бо натиҷаи мусовии 6:6 анҷом ёфта буд. Ананд барои пирӯзӣ 1,5 миллион доллар ҷоиза дарёфт кард. Ҳаққи Гелфанд 1 миллион долларро ташкил дод. Рақобати онҳоро дар осорхонаи Третякови пойтахти Русия ҳар рӯз садҳо мухлиси шоҳмот тамошо мекард.
XS
SM
MD
LG