Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шими кӯтоҳ ва кӯлоҳи "Панама" барои сарбозони рус


Сарбозони пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон либоси зимистонаро ба тобистона иваз карданд. Либоси нави ин сарбозон махсус барои иқлими гарм дӯхта шуда, аз ҷумла кӯлоҳи навъи “Панама” ва ҳатто шими кӯтоҳро дар бар мегирад. Русия дар ин пойгоҳаш дар Тоҷикистон беш аз 5000 сарбоз дорад. Ин пойгоҳ ҳанӯз солҳои 40 дар ин қаламрав мустақар шуда, баъди суқути Шӯравӣ ҳам инҷо монд. Замони қарордоди пойгоҳи Русия соли 2014 ба поён мерасад ва музокироти Душанбе бо Маскав рӯи шароити идомаи ҳузури он ҳанӯз ба натиҷа нарасидааст.
XS
SM
MD
LG