Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз, 31 май, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо нахустин сафари хориҷии давраи севуми раёсаташ ба Беларус меравад. Имрӯз парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодексҳои ҷиноӣ ва шаҳрвандиро баррасӣ мекунад. Имрӯз гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳифзи сиҳҳат Ананд Гровер дар як нишасти хабарӣ сафари ҳафтрӯзааш ба Тоҷикистонро натиҷагирӣ хоҳад кард. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз сафари ҳафтрӯзааш ба Аврупову Қафқоз ва Туркияро аз дидори Дания оғоз мекунад.Раисиҷумҳури нави Сербистон Томислав Николич имрӯз савганд ёд хоҳад кард.
31 май дар тақвим рӯзи ҷаҳонии бидуни тамокуст. Ва 31 майи соли 2005 миллиардери рус Михаил Ходоркоовский ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG