Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз сару садоҳо дар атрофи бародарон Тӯраҷонзодаҳо, додгоҳ фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия"-ро қатъ кард.

Муассисони масҷиди «Муҳаммадия», ки қаблан мегуфтанд, қарори додгоҳи ноҳияи Ваҳдатро дар зинаҳои болоии додгоҳӣ ба баррасӣ намекашанд ва «танҳо ба Худо шикоят хоҳанд бурд», ҳоло ба Додгоҳи Олӣ аризаи шикоятӣ навиштанд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва аз муассисони масҷид сабаби дигар шудани мавқеи худро ба қарори додгоҳ дар бораи манъи пурраи намозгузорӣ дар ин масҷид вобаста кард. Кумитаи дин дар оғоз танҳо манъи баргузории намози ҷумъаро дар масҷиди “Муҳаммадия” тақозо карда буд, аммо додгоҳ хилофи тақозои кумита, ки намози панҷвақтaро низ манъ кард ва масҷидро комилан баст.

Ҷониби даъвогар дар тасмимҳои ахир аз мақомоти маҳаллӣ домангир шудааст ва мегӯяд агар Додгоҳи Олӣ ҳам қарори додгоҳи Ваҳдатро бетағйир гузорад, пас маълум мешавад, ки ин кори дасти мақомоти маҳаллӣ нест. Дар чанд моҳи охир сару садоҳо дар атрофи масҷиди “Муҳаммадия” ва шахсияти бародарон Тӯрҷонзодаҳо хомӯш намегардад ва пайваста матолиби зидди онҳо дар нашрияҳои давлатии Тоҷикистон пахш мешаванд. Мо дар як сӯҳбат нахуст аз Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода пурсидем, ки маншаи рақобатҳои охирро дар чӣ мебинад?

Тӯраҷонзода: Пахши мақолаҳои тӯҳматомез алайҳи мо супориши сиёсӣ аз боло аст. Чунки ин мақолаҳо ҳамеша дар “Ховар” нашр мешаванд, дар “Ҷумҳурият” нашр мешаванд, баъдан дар нашрияҳои вилоятӣ бознашр мешаванд ва дар маҷлисҳои фаъолони шаҳру ноҳияи баррасӣ мекунанд. Инҳо сад дар сад супоришӣ ҳастанд.

Озодӣ:
Шумо дар гузашта чеҳраи сиёсӣ будед. Аз номи оппозисюн бо ҳукумат гуфтугӯ кардед. Аммо ба назар мерасад, солҳои ахир аз сиёсат канор рафтед. Ё шояд Шумо ҳоло ҳам дар сиёсат ҳастед ё қасди баргаштан ба сиёсатро доред?

Тӯраҷонзода: Ман аз сиёсат дур шудаам ва агарчанде борҳо гуфтаам, ки худро бо инҳо (мақомот) рақиб намедонам, аммо мутаассифона, инҳо бовар надоранд. Намедонам чаро. Инро чӣ гуем, ин аз рӯи ҳасад ҳам мешавад, аз рӯи бадбинӣ ҳам мешавад. Ман инро намефаҳмам. Шояд мехоҳанд, мо рақибашон бошем ё мехоҳанд аз мо бадгумон бошанд.

Озодӣ: Агар, тавре мегӯед, аз сиёсат дур шудаед, пас ҳукумат барои нобоварӣ ба Шумо чӣ далел дорад? Чаро атрофи номи Шумо ҳамеша сару садо баланд мешавад?

Тӯраҷонзода: Ман сад бор гуфтаам, ки нияти бозгаштан ба сиёсатро надорам. Мешавад, ки дар сиёсат дурӯғ гӯӣ? Мешавад, гӯӣ, ки ман рафтам, баъд як вақт боз дар сиёсат пайдо шавӣ? Худи Шумо, садҳо, ҳазорҳо нафар метавонанд маро гӯянд, ки домулло, шумо гуфта будед, ки рафтед (аз сиёсат) пас чаро баргаштед? Ман дигар пир шудаам, мӯям сафед шудааст. Дигар асри ҷавонҳо ҳаст, бояд зимомро ба ҷавонҳо супорем. Вале ман тарафдори тағйирот ҳастам, ман тарафдори демократия дар кишвар ҳастам, тарафдори таҳаммулпазирӣ дар кишвар ҳастам. Озодиҳои сиёсӣ ва динӣ бояд ба мардум дода шавад. Озодиҳои иқтисодӣ дода шавад ва коррупсияву порагирӣ нест шавад. Ҳамаи инро ман тарафдор ҳастам ба ҳайси як шаҳрванд. Агар назарамро пурсанд мегӯям, баъзан вақт менависам, хуб ин ҳаққи конститутсионии ман аст ва маъние надорад, ки ман ҳадафи сиёсӣ дорам.

Озодӣ: Ҷаноби Тӯраҷонзода, аз сӯи дигар баёнияҳое, ки шумо дар матбуот нашр мекунед ва баъзан сиёсатҳои ҳукуматро танқид мекунед, як аломатҳое дониста мешавад, ки Шумо рақиби сиёсии ҳукумат ҳастед. Ё ин тавр нест?

Тӯраҷонзода:
Ин комилан нодуруст аст. Ман камбудиҳоро барои он мегӯям, ки ислоҳ шаванд. Масалан, имрӯз тибқи Қонуни Асосӣ марду зан дар Тоҷикистон баробарҳуқуқ ҳастанд, ҳамин тавр не? Ҳеҷ шаҳрванд ба хотири ақидаи диниаш, нажодияш бояд табъиз нашавад. Қонуни Асосӣ ин ҳуқуқро додаст. Аммо Шумо имрӯз аз дастгоҳи раиси ҷумҳур то идораи ҷамоъат, мактаби миёна, донишгоҳ, идораҳои давлатӣ як нафар хонуми бо риояи ҳиҷоби исломиро дар кор мебинед? Магар ҳамин поймол кардани Қонуни Асосӣ нест? Чаро як нафар барои эътиқоди диниаш бояд аз кор маҳрум шавад?

Озодӣ:
Бисёриҳо мегӯянд, ки чаро Тӯраҷонзода дар вақти дар мансаб буданаш аз ҳуқуқҳои конститутсионии мардум ҳимоя намекард, вале ҳоло ки аз мансаб рафтааст, ин масъалаҳоро мебардорад. Ин танқид ба адреси Шумо то кадом андоза ҳақиқат дорад ва оё Шумо замони мансабдорӣ низ ин масъалаҳоро бо ҳукумат матраҳ мекардед?

Тӯраҷонзода: Бале, ман аввалин мақолаамро, номаи шадидуллаҳнамро дар бораи он ки матбуоти давлатӣ, идораҳои давлатӣ, таблиғи зардуштиро эълон кардаанд, як номаи саркушода ба раиси ҷуҳмур навиштам. Хеле-хеле аз саргузашти шоҳи Эрон, ки бо тавсифу таблиғи зардуштия Эронро ба куҷо овард, мисол овардам, дар бораи кишварҳои арабӣ мисол овардам. Мисоли охироне ки мегӯям ин аст, ки вақте 6 уми ноябри соли 2004-ум, ба муносибати қабули конститутсия президент эълон кард, ки занҳо бояд масҷид нараванд ва намозашонро дар хонаҳошон бихонанд, ман ду рӯз баъдаш мақолаамро чоп кардам, дар бораи он ки занҳо ҳақ доранд масҷид бираванд, ҳам аз нигоҳи қонун ва ҳам аз нигоҳи шариат. Ҳарчанд ҳарфи маро ба инобат нагирифтанд, вале ман вазифаамро иҷрошуда меҳисобам. Аммо вақе аз кор рафтам, дигар имкони ба онҳо гуфтан нашуд. Ягона роҳи ба онҳо расонидан акнун мемонад матбуот.

Озодӣ: Он замон ҳам ба ҳамин андоза тунд мегуфтед?

Тӯраҷонзода: Бале ба ҳамин шева мегуфтам. Ман ҳамон вақт ҳам дар масъалаи алюмин завод ҳам дар ҳамин фикр будам. Аз соли 2000-ум ман инро гуфта будам, ки корхонаро фурӯшед ва бо пулаш Роғунро бисозед.

Озодӣ: Ҷаноби Тӯраҷонзода, Шумо гуфтед, ки ҳукуматдорон ба Шумо ҳасад мебаранд, Чаро ба Шумо бояд ҳасад бубаранд?

Тӯраҷонзода: Ана бубинед, Шумо нодуруст гуфтед. Ман нагуфтам, ки ба ман ҳасад мебаранд, ман гуфтам ё аз рӯи бахилӣ аст, ё аз рӯи душманӣ аст, ё аз рӯи ҳасад аст, ман намедонам, ки чаро алайҳи ман ин корҳоро анҷом медиҳанд. Ин “ё -ё” аст. Ман дигар худамро сиёсатмадоре, ки дар оянда барномаи раис шудан ё вазир шудан дорад, намебинам. Бори дигар мегӯям, ки ман дигар даъвои раис шудану вазир шудан ва ҳатто депутат шуданро надорам.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG