Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопону Туркия сафирони Сурияро ронданд


Туркия ва Ҷопон эълом карданд, ки ба нишони эътироз аз қатли мардуми бегуноҳ дар Сурия, сафирони ин кишварро аз қаламравашон ихроҷ мекунанд. Давлати Ҷопон гуфт, аз сафири Сурия хостааст, "ҳарчӣ зудтар" Токиоро тарк кунад ва Туркия эълом кард, ба тамоми дипломатҳои Сурия амр додааст, то 72 соати оянда аз қаламрави Туркия берун раванд. Давлати Туркия гуфтааст, "набояд дар баробари иртикоби ҷиноят алайҳи башарият дар Сурия хомӯш менишаст." Рӯзи 25 май бар асари ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ дар Сурия бештар аз 100 нафар аксаран занону кӯдакон кушта шуданд. Баъди ин рӯзи сешанбе Амрикову Бритониё, Фаронса ва чанд кишвари ғарбии дигар, сафирони Сурияро аз қаламравашон ихроҷ карданд. Сурия низ аз сафири Ҳолланд хостааст, то 72 соати дигар Димишқро тарк кунад.
XS
SM
MD
LG