Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Суғд 17 нафарро ба зиндон маҳкум кард


Додгоҳи вилояти Суғд имрӯз 17 нафарро бо гуноҳи узвият ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ки созмони террористӣ хонда мешавад, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Тақрибан ҳамаи маҳкумшудагон сокинони деҳаи Ҷарбулоқи ноҳияи Ашт буда ва дар баробари узвият ба созмони тундрав ба талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ гунаҳкор дониста шуданд. Ба иттилоъи хабаргузории «Азия Плюс», додгоҳи вилояти Суғд ҳамаи ин афродро аз 9 ба 23 соли таҳаммул дар зиндони низомаш шадид маҳкум карда ва амр додааст, то моликияти онҳо низ мусодира шавад. Ба гуфтаи додгоҳ, панҷ нафар аз ин афрод дар тамрингоҳҳои гурӯҳҳои террористӣ дар Покистон омӯзиш дида ва барои тарғиби идеяҳои худ ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ин гурӯҳро моҳи октбяри соли 2011 дар вилояти Суғд боздошт карда буданд.
XS
SM
MD
LG