Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шери пиру фартут хаставу хашмгин буд:-Ман ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти ҷангалро даъват кардам, ки дар бораи даъвоҳои ҷангали ҳамсоя гап занем... –ёлҳояшро афшонд шери пир ва афзуд

- Ин Шераки ҳамсоя ҳеҷ аз ҳамон бечораҳолияш намонд! Рӯзҳои ахир бо гапу гапчаҳо майнаи хароби маро харобтар кард. Лаънатӣ, боз ба шери Ҷангали бузург шикоят кардааст-е...

-Боз чӣ мехоҳад? – ғуррид бабр, ки паҳлӯи шер менишаст,- Наход ҳоло ҳам намедонад, ки ин ҷо хуҷаин кист? Қонуни ҷангал аст, касе зӯр бошад, ҳамон хуҷаин! .. Роҳашонро аз ҷангали худамон бастем, ин ҳаққи мост, роҳ - роҳи худамон, чӣ коре хоҳем мекунем... Чанд ҷонварашонро қапидем, қуттиву борашонро мусодира кардем... Ин ҳам ҳаққи мост, чаро бояд борҳояшонро аз ҷангали мо гузаронанд?

-Аълоҳазрат, бабр ҷони гапро гуфт, -аз ҷо хест гург, - худи шумо аз мо беҳтар медонед, қонуни ҷангал ҳамин аст – заъиф бояд сарашро пеши зӯр хам кунад, набошад... Ман чун гурги ҷангу борондида пешниҳод мекунам, ки онҳоро бояд бори дигар ҷазо диҳем. Ҳазорҳо гургбачаҳои мо саф кашидагӣ... Агар амр кунед, худи ҳамин шаб ҷангали ҳамсояро оташ мезанем...

-Бубахшеду... -беҷуръатона айнакҳояшро бо латта тозакунон аз ҷой хест маймун,-намешавад, ки онҳоро ба ҳоли худашон гузорем...

-Намешавад!-бонг зад шери пир,-Оқибаташро фикр кардӣ! Агар ҳамин хел шиштан гирем, ягон рӯз даъво мекунанд, ки ҳамон ду-се ҷангалаки қадимаро ба онҳо баргардонем... Ҷангалакҳоеро, ки авлодони мо бо баҳои ҷони худ забт кардаанд...

-Охир... аълоҳазрат, - боз садо баровард маймун,- агар ҷангали ҳамсояро оташ занем, боз оташаш ба ҷангали худамон нагузарад... Роҳашонро бастем, ҷанҷоле бардоштанд, ки то гӯши Шӯрои ҷангалҳои муттаҳид расид. Маҷбур шудем, ки он роҳро хароб кунем.. Баъд... оби мо аз ҳамон ҷангал меояд-ку. Агар роҳи обро банданд, ҳоли мо чӣ мешавад?

-Ҳақ надоранд!-фарёди шер дарахтҳои атрофро ба ларза овард,- Ин зидди қонун аст! Ягон кас набояд аз об бенасиб монад... Вале мо аноӣ нестем, --бо садои оромтар афзуд шери пир, -дар ин се-чор сол он қадар об захира кардем, ки ба даҳ соли дигар мерасад...

Рӯбаҳ аз ҷой бархост ва думашро ликонда ба шери пир рӯ овард:
-Аълоҳазрат, гапатон сад фоиз туғрӣ... Лекин оташ задани ҷангали ҳамсоя ҳам фикри хуб нест... Яъне, агар ҷангали ҳамсояро оташ занем, дигар ҷангалҳо бо мо душман нашаванд?... Мефаҳманд, ки ин кори мост... Аълоҳазрат, беҳтар нест, ки каме заковатро кор барем ва худи ҷонварҳои он ҷангалро шӯронем, овозаҳо паҳн кунем, ки Шераку хешу табораш луқмаҳои беҳтаринро соҳиб шудаанд, ҷойҳои беҳтарини ҷангалашонро азони худ кардаанд... Овоза кунем, ки ҷонварҳоро овора кардаанд ва онҳо маҷбур шудаанд, ба ҷангалҳои дур рафта кути лоямут пайд кунанд. Овозаву дарвоза кунем, ки ҷонварҳои саркаш... эээ, озодандешро бо тӯҳмат нобуд мекунанд... Баъзе аз ин овозаҳо ҳақиқат ҳам доранд-ку... Баъд мисли дафъаи гузашта санавбарзорро бо кӯҳистон ҷанг андозем, бигӯем, ки азбаски Шерак аз кӯҳистон аст, зиндагӣ дар он ҷо беҳтар шудааст...

-Маккора гапи маъқул мезанад, -бабр хушҳол шуд,- Баъд, аълоҳазрат, чанд шағоли худамон дар ҳамон ҷангал-ку, ҳатто бо хешу табори Шерак равуо доранд, ба фикрам, паҳн кардани ин овозаҳо душвор нест... Агар ин нақшаро хуб пазонем, ҷонварҳо худашон ҷангалашонро оташ зада, Шеракро пора-пора мекунанд.

Шери пир бо аломати ризо сар ҷунбонд.
-Хуб аст... Чӣ хеле ки як вақтҳо хешу табори Шерак мегуфтанд “гапуш қоқай!”. Ва ба Шӯрои ҷонварҳои муттаҳид ва Шери ҷангали бузург бояд ҳар рӯз хабар фиристед, ки чӣ хел Шераку ҳамтабақҳояш ниҳолҳои ҷангали моро медузданд, алафу рустаниҳои Китоби Сурхро зери по маҷақ мекунанд, дар наздикиҳои ҷангали мо гулхан дармегиронанд ва ҷонварони мо маҷбуранд, ки аз дуди оташи онҳо нафас кашанд... Хайр, барои сиёҳ кардани Шерак диплом доштан ҳам шарт нест... Хуб, хаста шудаме... Ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷангалро баста эълон мекунам. Бояд чунон алови чашми ин Шеракро бигирем, ки худаш “як ҷаҳон ташаккур!” бигӯяд!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG