Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳамчунон зидди мудохилаи низомӣ ба Сурия


Геннадий Гатилов, муовини вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, кишвараш ҳамчунон мухолифи мудохилаи низомӣ ба муноқишаи Сурия як шарики деринаи Русия аст. Ӯ рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин гуфт, ба эътиқоди ӯ ҳоло барвақт аст, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар робита ба қатли 108 ғайринизомӣ дар рӯзи 25 май дар Сурия алайҳи ин кишвар иқдомоти навро баррасӣ кунад. Дар ин рӯз дар шаҳри Ҳула дар ҳамлаҳои нерӯҳои давлатӣ аксаран занону кӯдакон кушта шуданд. Рӯзи сешанбе, Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, гуфт, мудохилаи низомӣ ба низо дар Сурияро сарфи назар намекунад, ба шарте, ки Шӯрои Амният ба ин кор иҷоза бидиҳад. Амрико гуфтааст, дахолати низомӣ дар чунин вақт кори хирадмандонае нахоҳад буд. Айни замон Ҷопон ба сафи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ пайваст, ки ба нишони эътироз аз ҳалокати мардуми бегуноҳ дар Ҳула, ки сафирони Сурияро аз қаламравашон ронданд.
XS
SM
MD
LG