Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷдиди сохтори "Барқи Тоҷик" оғоз шуд


Ҳукумати Тоҷикистон бо таъхири 7-моҳа ба таҷдиди сохтори “Барқи Тоҷик”, яке аз муҳимтарин ширкатҳои давлатӣ шурӯъ кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, дар ҷаласаи имрӯзаи ҳукумат қарор дар бораи таъсиси Шӯрои нозири ҷараёни ширкати авлатии “Барқи Тоҷик”-ро қабул шудааст, ки банди аввали барномаи таҷдиди сохтори ширкат аст. Бар асоси барнома, “Барқи Тоҷик”, бояд ба се ниҳоди алоҳида, тавлидкунанда, интиқолдиҳанда ва тавзеъкунандаи нерӯи барқ ҷудо шавад. Созмонҳои молии кӯмакрасон мегӯянд, “Барқи Тоҷик”, дар шакли ҳозирааш, фоидаовар нест ва ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, онро ба як ширкати мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ табдил диҳад. Бар асоси барнома таҷдиди ширкат, бояд то соли 2018 такмил шавад.
XS
SM
MD
LG