Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муассиси Викиликс ба Шветсия истирдод мешавад


Додгоҳи Олии Бритониё амр додааст, ки Ҷулиан Ассанж, муассиси Викиликсро, ки ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам мешавад, ба Шветсия истирдод кунанд. Додгоҳ рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки шикояти Ҷулиан Ассанж аз ҳукми истирдоди ӯ аз Бритониё ба Шветсия асоси воқеъӣ надорад. Ҷулиан Ассан муассиси торнамои Викиликс аст, ки садҳо ҳазор санадҳои маҳрамона дар бораи ҷанги Ироқу Афғонистон, бахусус мукотибаҳои махфии сафоратҳои Амрикоро нашр кард. Додситонҳои Шветсия мегӯянд, Ҷулиан Ассанж, шаҳрванди Австралия дар он кишвар озору азияти ҷинсии ду зан муттаҳам мешавад ва бояд дар назди додгоҳ ҷавоб гӯяд.
XS
SM
MD
LG