Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Теҳрон аз додгоҳи ҷосусӣ дар Кувайт


Теҳрон Кувайтро ба маҳзи бо ҷурми ҷосусӣ барои Эрон ба ҳабси умрбод маҳкум кардани ду эрониву як кувайтӣ ва як марди бидуни шаҳрвандӣ маҳкум кард. Додгоҳи мунсифаи Кувайт ду рӯз пеш ҳукми эъдоми ин ду эрониву як кувайтиро ба ҳабси умрбод иваз карда, ҳукми абади нафари чорумро бетағйир боқӣ гузошт.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромини Меҳмонпараст дирӯз гуфт, “кулли ин иттиҳомот сохта ва ин ҳукмҳои содиршуда ғайри қобили қабул аст.” Ду эронӣ ва кувайтии маҳкумшуда дар замони боздошташон дар соли 2010 барои артиши Кувайт кор мекарданд. Онҳо ба ироаи маълумот дар бораи нирӯҳои Кувайту Амрико ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон айбдор мешаванд. Теҳрон инро радд мекунад. Тасмими ниҳоиро дар ин қазия акнун додгоҳи олии Кувайт хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG