Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Митт Ромнӣ дар аёлати Техас


Ромнӣ баъди пирӯзӣ дар аёлати Иллинойс (марти соли 2012)
Ромнӣ баъди пирӯзӣ дар аёлати Иллинойс (марти соли 2012)
Бино ба хабарҳо, Митт Ромнӣ бо пирӯзӣ дар интихоботи муқаддамотӣ дар аёлати Техас шумори кофии вакилон барои пешбирии номзадиаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳро ба даст овард. Волии собиқи Массачусеттс дар Техас беш аз 70 фоиз раъй гирифт ва бо 155 вакили анҷумани ҳизб аз ин аёлат 1144 раъйи лозим барои таъмини пирӯзиаш дар ин анҷумани моҳи августро соҳиб шуд. Дар сурати таъйиди расмии номзадиаш дар анҷумани ҳизб, Ромнӣ моҳи ноябр барои курсии раёсати Амрико бо президенти феълии демократ Барак Обама рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG