Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ромнӣ ба пирӯзии ниҳоӣ наздиктар мешавад


Митт Ромнӣ
Митт Ромнӣ
Митт Ромнӣ дар сурати касби раъйи ҳамагӣ 58 вакил дар интихоботи муқаддамотӣ дар аёлати Техас 1144 раъйи лозим барои таъмини номзадиаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳро ба даст хоҳад овард. Техас ба анҷумани ин ҳизб дар моҳи август ҷамъан 152 вакил мефиристад. Аммо Ронмӣ, ки аксари рақибонаш аз идомаи корзор даст кашиданд, дар Техас дигар рақиби билқуввае надорад. Дар сурати таъйиди номзадиаш дар анҷумани ҳизб, Ромнӣ моҳи ноябр дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бо президенти феълии демократ Барак Обама рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG