Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Наҷотбахшон дар шимоли Итолиё дар пайи заминларзаи 5,8-балии дирӯза ба ҷустуҷӯи афроди зиндамонда дар зери оворҳо идома медиҳанд. Бар асари ин офат дар вилояти Эмилия-Романа дастикам 16 нафар ҳалок ва ҳудуди 350 тан захмӣ шуданд. Ба гуфтаи мақомот, дастикам як нафар беномунишон боқӣ мемонад. Рӯзи 20 май бар асари чунин як заминларзаи шадид дар ҳамин минтақа 7 кас ҳалок ва ҳудуди 7000 бехона шуда буд.
XS
SM
MD
LG