Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми муассиси WikiLeaks имрӯз эълон хоҳад шуд


Ҷулиан Ассанж

Ҷулиан Ассанж

Додгоҳи олии Бритониё имрӯз ҳукмаш дар мавриди истирдоди муассиси WikiLeaks Ҷулиан Ассанж ба Шветсияро содир хоҳад кард. Баррасии дархости истирдоди Ассанж дар додгоҳҳои Бритониё ду сол боз идома дорад. Ӯро дар Шветсия ба бадрафтории шаҳвонӣ айбдор мекунанд. Ин шаҳрванди 40-солаи Австралия, ки бо нашри номаҳои маҳрамонаи Амрико дар сомонааш ном баровард, ин иттиҳомро радд мекунад. Дар сурати бохт дар додгоҳи имрӯза, Ассанж ҳаққ дорад, ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар муроҷиат кунад.
XS
SM
MD
LG