Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як вакили Низомхон Ҷӯраевро боздошт кардаанд


Низомхон Ҷӯраев
Низомхон Ҷӯраев
Ожонси зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти вакили собиқи Низомхон Ҷӯраев бо иттиҳоми фасод ва ришва хабар дод. Гуфта мешавад, ки Бердиқул Расулов ба ришва додани муваккилонаш ба муфаттишон кӯмак мекард. Рустам Олимов – айдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Ҷӯраев низ ахиран бо айни иттиҳом дастгир шуд. Ба гуфтаи нозирон, Ҷӯраев дар пайи муноқиша бо хонаводаи пурнуфузи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба таъқиб рӯбарӯ шуд. Ин раиси собиқи корхонаи кимиёи Исфара – баъди 4 соли фирор ва якуним соли боздошташ дар Маскав дар авоили апрел ба таври мармуз дар Душанбе зоҳир шуд ва мегӯяд, ихтиёран баргашта ва худро ба мақомот супурдааст.
XS
SM
MD
LG