Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати то 15 тан дар зилзилаи нави Итолиё


Бар асари заминларзаи 5,8-баллӣ дар шимоли Итолиё то 15 нафар ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи мақомот, “ 4 ё 5 тани дигар” беномунишон боқӣ мемонанд. Ин афрод ҳама дар минтақаи Моденаи вилояти Эмилия қурбони зилзила шудаанд. Офати дирӯза ҳамагӣ 9 рӯз баъд аз як заминларзаи шадид дар ин минтақа рух дод ва мунҷар ба фурӯ рехтани биноҳое шуд, ки дар заминларзаи ҳафтаи гузашта осеб дида буданд. Дар офати рӯзи 20 май 7 кас ҳалок ва ҳудуди 7000 бехона шуда буд.
XS
SM
MD
LG