Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолланд дахолати низомиро дар Сурия истисно накард


Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд гуфт, дахолати низомӣ дар Сурияро истисно намекунад: «Дахолати низомӣ дар шароите сарфи назар карда намешавад, ки бо эҳтиром ба қонуни байналмилалӣ сурат бигирад, яъне дар пайи баррасӣ аз сӯи Шӯрои Амнияти СММ.» Ин изҳорот дар пайи қатли 108 нафар, ағлаб занону кӯдакон, дар ҳамлаи рӯзи 25 май алайҳи рустои Ҳулост. Аммо Амрико гуфт, иқдоми низомиро дар ҳоли ҳозир роҳи дуруст намешуморад. Бо ин ҳол, Амрикову Канада, Австралия ва чанд кишвари Аврупо эълон карданд, ки дар посух ба куштори Ҳуло дипломатҳои аршади Сурияро ихроҷ мекунанд.
XS
SM
MD
LG