Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати СММ аз Кобул ба набарди ҷиддитар бо афюн


Юрий Федотов рӯзи сешанбе дар Кобул дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз мақомоти афғон хост, барои “талошҳои ҷиддӣ” дар набард бо тавлиди маводи мухаддир аз як гиребон сар бароранд. Раҳбари идораи мубориза бо маводи мухаддири СММ пешрафти Афғонистон дар коҳиши майдони кишти кӯкнорро “хоксорона” номид. Федотов гуфт: “Захира зиёд аст ва он шояд то 10 сол кӯҳна нашавад. Аз ин рӯ, агар имсол кишти кӯкнор шадидан коҳиш ҳам ёбад, ман мутмаин нестам, ки ба тавлиди ниҳоии афюну ҳероин таъсир кунад.”
Карзай гуфт, Афғонистон ҳамчун тавлидкунандаи 90 фоизи афюни дунё бадном шудааст, вале сӯдашро дигарон мебаранд. Ӯ бори дигар ба иртиботи қочоқи афюну ҳероин бо терроризми байнламилалӣ таъкид кардааст.
XS
SM
MD
LG