Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин парванда алайҳи фурӯшандагони "Ҳомиён"


Саҳнае аз сериали "Ҳомиён"

Саҳнае аз сериали "Ҳомиён"

Додситонии вилояти Хатлон алайҳи ду фурӯшандаи дискҳои ДВД дар ноҳияи Панҷ парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Муфаттиши додситонӣ Бахтиёр Ҳайдаров ба “Азия Плюс” гуфт, Ҷалолиддин Раҳматов аз як бозори Душанбе 400 диски сериалҳои туркии аз сӯи “Тоҷиккино” манъшударо харида, барои фурӯш дар бозори Панҷ ба соҳибкор Саидамир Шоҳов дод, вале мақомоти милиса ин дискҳоро кашф ва мусодира карданд. Идораи давлатии “Тоҷиккино” ахиран намоиши 5 сериали маъруфи туркӣ – “Ҳомиён”, “Пайроҳаи тақдир”, "Мисли Юсуф”, “Хайёлҳои сабз” ва “Водии гургон”-ро ба далели сифати паст ва “таблиғи терроризму ифротгароӣ” манъ кард.
XS
SM
MD
LG