Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи беш аз 30 000 бех кӯкнор дар ду хоҷагӣ


Дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнор-2012” дар вилояти Суғд беш аз 30 000 бех ниҳоли кӯкнор нобуд карда шуд. “Азия Плюс” аз қавли мақомоти вилоят хабар дод, ки 20 000 бех кӯкнор дар заминҳои кишти як хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тақрибан 11 000 бехи дигар дар заминҳои як хоҷагии дигари деҳқонӣ дар Исфара кашф шудааст. Амалиёти “Кӯкнор-2012” дар вилояти Суғд ва мнаотиқи дигари Тоҷикистон аз 20 май оғоз ёфт ва то 30 ноябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG