Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз 5 қарордод бо Эрон имзо шудааст


Вазири энерживу саноат ва раҳбари ҳайъати Тоҷикистон Шералӣ Гул

Вазири энерживу саноат ва раҳбари ҳайъати Тоҷикистон Шералӣ Гул

Дар ҷараёни иҷлоси нӯҳуми куммиссиюни ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон байни ду кишвар 5 қарордод имзо шудааст. Вазири энержии Эрон Маҷиди Номҷӯ ин иҷлосро дар маҷмӯъ “пурмаҳсул” ва қарордодҳои имзошударо “тавофуқоти хубе” тавсиф кард, вале ҷузъиёти ин санадҳо оварда нашудааст. Вазири энерживу саноат ва раҳбари ҳайъати Тоҷикистон Шералӣ Гул дар ҳошияи иҷлос бо вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ низ мулоқоте анҷом додааст. Маҷиди Номҷӯ дар оғози иҷлос гуфт, Эрон омода ҳаст, аз Тоҷикистон то 1 миллиард метри мукааб оби ошомиданӣ бихарад. Эрон аз ҳамкорони умдаи хориҷии Тоҷикистон маҳсуб шуда, табодули солонаи молу коло байни ин ду кишвар ба 500 миллион доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG