Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби дабири кулли СММ имрӯз ба Душанбе меояд


Юрий Федотов
Юрий Федотов
Имрӯз, 30 май, ноиби дабири кулли СММ ва раҳбари идораи мубориза бо маводи мухаддири ин созмон Юрий Федотов вориди Тоҷикистон мешавад. Имрӯз дар Ишқобод нишасти сарвазирони кишварҳои ҳамсӯд доир мешавад. Имрӯз вазирони АПЕК дар Қазони Русия мавзӯъи амнияти ғизоиро баҳс мекунанд. Имрӯз дар Остона анҷумани дурӯзаи раҳбарони ҷаҳон ва динҳои суннатӣ ва дар Ню-Йорк ҷашнвораи панҷрӯзаи ҷаҳонии илм ифтитоҳ хоҳанд шуд. Ва ҳам имрӯз 100-солагии оҳангсози фақид, ректори консерваторияи Тошканд Мухтор Ашрафист.
XS
SM
MD
LG