Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни зилзила дар Италия ба 15 нафар расид


Теъдоди қурбониёни заминларзаи нав дар шимолу шарқи Италия то 15 нафар афзоиш ёфт. Ба гуфтаи наҷотбахшон, чаҳор-панҷ нафари дигар то ҳол беному нишонанд.

Бештари ҷонбохтагон сокинони мавзеъҳои канори шаҳри Моденаанд, ки ҷо чанд бинои саноатӣ хароб шудааст.Ҳамчунин манозили зист, ибодатгоҳ ва дигар биноҳои аз заминларзаи рӯзи 20 май осебдида фурӯ рехтанд.Ёдовар мешавем, ки дар он ҳодиса дасти кам ҳафт кас ҷон бохта ва беш аз 6 ҳазор нафар бесарпаноҳ монда буданд.

Маркази заминларзаи нав бо нерӯи 5.8 дараҷаи Рихтер дар тақрибан 40 километрии Болония буд. Ба думболи заминларзаи субҳ дар ин минтақа ҳамчунин чанд бор зилзилаи нерӯяш заъифтар ҳам рӯй дод.

Нахуствазири Италия Марио Монтӣ изҳор намуд, ки ҳукумат барои кӯмак ба осебдидагон аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад.
XS
SM
MD
LG