Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳудуди 200 пажӯҳишгари навраси тоҷик аз саросари кишвар дар иҷлосияи 34-уми Академияи хурди илмҳо дар Душанбе иштирок карданд.

Иштирокдорон ба хотири пазируфта шудан ба узвияти ин фарҳангистон ва бо ҳадафи дарёфти унвони илмӣ, дар бахшҳои мухталиф рисолаҳои илмиву таҳқиқотӣ пешниҳод карданд.

"Гулистонномаи ахлоқи ҳамида" - мавзӯи рисолаи илмии Сайидои 17- сола, яке аз иштирокдорони ин иҷлосияи Фарҳангистони хурди улуми Тоҷикистон аз ноҳияи Ашт буд. Ӯ бо ин таҳқиқоти худ соҳиби дипломи дараҷаи аввал гардид.

Муҳаққиқи наврас талош кардааст, дар ин рисолаи худ бо истифода аз оятҳои Қуръон ва панду андарзҳои бузургон ҳамсолонашро ба роҳи росту ахлоқи ҳамида роҳнамоӣ кунад. Сайидо мегӯяд, ӯро шикояту норозигиҳои насли калонсол аз ахлоқу тарбияи ҳамсолонаш водор кардааст, то ба ин мавзӯъ рӯ орад: "Ахлоқи бисёре аз ҷавонону наврасон имрӯз паст аст. Аз ҳамин сабаб ман гуфтаву насиҳатҳои донишмандони дохилу хориҷи кившарро ҷамъ оварда, ба ҳамсолонам рӯшантар фаҳмондам, ки онҳо бояд ба ахлоқу амалҳои бад роҳ надиҳанд ва бо роҳи дуруст бираванд."

Сайидо ва Сомон

Сайидо ва Сомон

Ин пажӯҳиши худро Сайидо дар шакли як китоби хурдҳаҷм низ нашр ва пешниҳоди ҳамсолони худ кардааст. Аммо Сомон Ҳамидов, хонандаи синфи 7 ба фарқ аз Сайидо ба илмҳои дақиқ ва соҳаи техника бештар шавқу таваҷҷӯҳ дорад. Ӯ дар ҷаласаи навбатии Фарҳангистони хурди улум барои ҷолибу муоссиртар кардани дарсҳои алгебра чунин пешниҳод дорад: "Мехостам, дар китоби синфи 7-ум ҳал кардани системаи муодилаҳо бо роҳи детерминант низ ҷорӣ карда шавад. Ин роҳи осон аст ва ҳамаи бачаҳо метавонанд онро хуб фаҳманд. Ин роҳро Лейб низ соли 1675 пешниҳод кардааст, аммо дар синфи 7-уми ҳозираи мо ҷорӣ нашудааст. Мехостам, ин ҷорӣ шавад ва чаҳонбинии бачаҳои мо боз васеътар мегардад."

Дар баробари Сайидо ва Сомон дар Фарҳангистони хурди улуми Тоҷикистон беш аз 200 хонандаи дигар ба узвият пазируфта шудаву ба омӯзиши илмҳои мухталиф машғуланд. Далер Почоҷонов, раҳбари ин фарҳангистон мегӯяд, яке аз роҳҳои хуби омода кардани олимон барои Тоҷикистон, ин ҷалби хонандагон ба фарҳангистони улум ва пажӯҳишҳои илмӣ аст. Ба қавли Почоҷонов, солҳои охир таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин академия бештар мешавад.

Олимони наврасу ҷавони фарҳангистон дар беш аз 10 бахши мухталифи илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ таҳсил намуда, дар мавзӯҳои дилхоҳ рисола менависанд. Бо ба даст овардани дипломи дараҷаи аввал ва унвони илмӣ, хонандагон барои дохил шудан дар донишгоҳҳои дохилу хориҷи кишвар имтиёз пайдо мекунанд.

Лаҳзае аз сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Далер Почоҷонов

Лаҳзае аз сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Далер Почоҷонов

Далер Почоҷонов афзуд, "онҳо мавзӯҳои пажӯҳиширо худ интихоб мекунанд ва таҳқиқот мебаранд. Ҳоло ҳастанд наврасоне, ки корҳои илмии худро дар маҷаллаҳои илмӣ нашр кардаанд. Бархе ҳатто шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтирову кашфиёти худ ба даст овардаанд. Вале ба ҳар ҳол бояд кор кард бо наврасон. Мо барои ҷалби ҷавонон махсус рӯзи дарҳои кушод дорем. Мо тариқи ҳафтаномаву расонаҳо эълон медиҳем. Аммо бархе аз наврасон меоянд аз ин ба он бахш гузашта билохира тарки кори пажӯишӣ мекунанду мераванд, аммо ҳастанд бачаҳое, ки то охир мераванд ва ҳоло масалан, 6 узви ин академия бо роҳнамоии мо ба Донишгоҳи миллии Маскав дохил шуданд."

То имрӯз беш аз 8 ҳазор хонанда Фарҳангистони хурди улумро хатм намудаву ҳудуди 300 нафар барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар роҳхат гирифтаанд. Ба андешаи Далер Почоҷонов, раҳбари фарҳангистони хурди улум, ҳарчанд нисбат ба 10 ё 20 соли қабл сатҳи дониши хонандагони тоҷик поинтар аст, аммо онҳо барои муваффақ шудан дар соҳаҳои мухталифи илм, ба вижа илмҳои дақиқ ва техника талош мекунанд. Бояд гуфт, Фарҳангистони хурди улум соли чилум аст, ки дар кишвар фаъолият дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG