Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса сафири Сурияро ихроҷ мекунад


Мулоқоти Кофӣ Аннон ва Башор Асад

Мулоқоти Кофӣ Аннон ва Башор Асад

Фаронса сафири Сурияро аз кишвар хориҷ мекунад. Дар ин бора раисиҷумҳур Франсуа Ҳолланд изҳорот пахш кард.

Ихроҷи сафир – вокуниши Порис ба куштори мардуми осоиштаи шаҳри Ҳула аст.

Руперт Колвил, сухангӯи Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ ахиран гуфт, ки бар пояи тафтишоти муқаддамотӣ, фақат бист нафар аз 108 сокини шаҳри Ҳулаи Сурия бар асари тирборони шаҳр кушта шудаанд. Дигарон, аз ҷумла, кӯдакон, ҳадафи тири гурӯҳҳои мусаллаҳи пуштибон аз ҳукумат қарор гирифтаанд.

Куштор дар Ҳула – хунбортарин дар чанд моҳи ахир дар Сурия маҳсуб мешавад. Дирӯз Шӯрои амнияти СММ амали нерӯҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла, аз сӯи онҳо истифода шудани тӯпхонаро маҳкум намуд.Димишқ, дар навбати худ, дар ин ҳодиса мухолифини мусаллаҳро айбдор мекунад.

Фоҷиаи Ҳула фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Кофӣ Аннонро маҷбур сохт, ки оҷилан вориди Сурия шавад. Ҳадафи сафари ӯ - мойил сохтани нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ ба татбиқи созиши оташбас эълон шудааст. Субҳи имрӯз Кофӣ Аннон дар Димишқ бо раисиҷумҳур Башор Асад дидору гуфтугӯ кард ва тафсилоти мулоқот алҳол зери даст нест.

Дар ҳамин ҳол аз манотиқи гуногуни Сурия дар бораи идомаи хушунат хабар мерасад. Бар асари задухӯрдҳо дар шимоли кишвар, ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, дасти кам 20 низомӣ кушта шуданд. Ҳафт сокини осоишта дар шаҳри Ҳумс ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG