Пайвандҳои дастрасӣ

Колвил: Сокинони Ҳуларо гурӯҳҳои ҳукуматӣ куштаанд


Қурбониёни фоҷиаи Ҳула

Қурбониёни фоҷиаи Ҳула

Фақат 20 нафар аз 108 сокини шаҳри Ҳулаи Сурия бар асари тирборони шаҳр кушта шудаанд. Дигарон, аз ҷумла, кӯдакон, ҳадафи тири гурӯҳҳои мусаллаҳи пуштибон аз ҳукумат қарор гирифтаанд.

Ин иттилои пешакии тафтиши ҳаводиси Ҳула аз сӯи Руперт Колвил, сухангӯи Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ нашр шуд.

Куштор дар Ҳула – хунбортарин дар чанд моҳи ахир дар Сурия маҳсуб мешавад. Дирӯз Шӯрои амнияти СММ амали нерӯҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла, аз сӯи онҳо истифода шудани тӯпхонаро маҳкум намуд. Димишқ, дар навбати худ, дар ин ҳодиса мухолифини мусаллаҳро айбдор мекунад.

Фоҷиаи Ҳула фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Кофӣ Аннонро маҷбур сохт, ки оҷилан вориди Сурия шавад. Ҳадафи сафари ӯ - мойил сохтани нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ ба татбиқи созиши оташбас эълон шудааст. Субҳи имрӯз Кофӣ Аннон дар Димишқ бо раисиҷумҳур Башор Асад дидору гуфтугӯ кард ва тафсилоти мулоқот алҳол зери даст нест.
XS
SM
MD
LG