Пайвандҳои дастрасӣ

Дар заминларзаи Италия се нафар ҷон бохтанд


Бар асари заминларзаи нав дар шимолу шарқи Италия дасти кам се нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд ва аммо иттилои расмӣ дар бораи кушташудагону осебдидагон алҳол нашр нашудааст. Бар пояи хабарҳо, бар асари офати табиӣ биноҳои аз заминларзаи рӯзи 20 май осебдида фурӯ рехтанд. Дар он ҳодиса дасти кам шаш нафар ҷон бохта буданд.

Маркази заминларзаи нав бо нерӯи 5.8 дараҷаи Рихтер дар тақрибан 40 километрии Болония буд.
XS
SM
MD
LG