Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳи аршади "Ал-Қоида" дар Кунар


Дар Афғонистон яке аз раҳбарони шабакаи "Ал-Қоида" кушта шуд. Ба иттилои ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон, Саҳр ал-Тоифӣ, зодаи Арабистони саудӣ, ки ҳамчун Мушфақ ва Насим маъруф буд, бар асари зарбаи ҳавопаймо ба махфигоҳи ҷангиён дар вилояти Кунар, воқеъ дар шарқи кишвар, ба ҳалокат расидааст.

Бар пояи хабарҳо, Ал-Тоифӣ муовини раҳбари гурӯҳи "Ал-Қоида" дар Афғонистон буд ва масъулияти таъмини толибон бо силоҳ ва ҷалби зархаридон аз хориҷаро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG