Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Системаи компютерии Эрон дар коми "забонаи оташ"


Коршиносони амниятӣ як вируси дузду ҷосусеро ошкор кардаанд, ки ҳазорон компютер дар Эрон ва Ховари Миёнаро олуда кардааст.

Ширкати русии Касперски, тавлидкунандаи маъруфи антивирусҳо, мегӯяд, ин вирус, ки Flame ё “забонаи оташ” ном дорад, метавонистааст, тамоми иттилооти мавҷуд дар компютерро ҷамъоварӣ кунад, бархе аз барномаҳои компютериро тағйир диҳад, микрофони компютерро барои сабти муколама фаъол созад ва паёмҳои гуфтӯгуи интернетиро (чат) сабт намояд.

Магнус Калкул, муовини мудири Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиш ва таҳлили ширкати Касперски дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин як нармафзори бисёр печида аст ва вазифаи он зоҳиран ҷосусӣ дар компютерҳо, ки албатта нав нест ва дар гузашта ҳам ин гуна нармафзорҳо дида шудаанд. Аммо ин чиз аҷиб аст, ки ин нармафзор беш аз ду сол боз ҷосусӣ мекардааст ва то кунун касе онро ошкор накардааст."

Вируси Flame 20 маротиба печидатар аз вируси Stuxnet будааст, ки соли 2010 ба барномаҳои атомии Эрон осеб расонида буд. Коршиносони Касперски мегӯянд, вируси Флейм бахше аз ҷанги кибернетикист, ки дар минтақаи Ховари Миёна ба роҳ андохта шудааст ва Эрон шояд аз ҳадафи аслии ин ҳамла аст. Магнус Калкул ҳам меафзояд, вируси мазкур асосан дар ширкатҳо ва кишварҳои хос ошкор шудааст, ки нишон медиҳад, онро ҳадафмандона ба вуҷуд овардаанд: "Аҷибтар аз ҳама ин аст, ки вируси мазкур дар саросари ҷаҳон баробар паҳн нашудааст, балки аксари компютерҳои олуда ба ин вирус дар кишварҳое ба мисли Эрон, Сурия, Судон, Лубнон ва ҳамин минтақа аст."

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, роҳи маҳв ва хунсо кардани вируси Флеймро ёфтаанд, аммо нагуфтаанд, ки ин вирус ба шабакаҳои кишвар чӣ қадар хисороте ворид кардааст. Ба гуфтаи ширкати Касперски, агарчӣ Флейм ба вируси Stuxnet монанд аст, аммо ҳоло наметавон гуфт, ҳарду вирус кори дасти як нафар аст. Аммо давлати Эрон гуфтааст, вируси Stuxnet, аз тарафи Исроилу Амрико ба вуҷуд оварда шудааст, ки ин вирус кори сентрифугаҳои ғанисозии ураниум дар Эронро халалдор карда буд.

Касперски баъди он вируси Флеймро ошкор кард, ки Созмони Милал бо нашри гузоришҳо доир ба маҳви иттилооти зиёд аз компютерҳои Эрон аз ширкати Касперски хост, таҳқиқ кунад, ки чӣ нармафзоре метавонист, сабаби ин кор бишавад.

Ба гуфтаи коршиносони Касперски, вируси Флейм печидатарин вируси “ҷосус"-ест, ки то кунун кашф шудааст ва ба гуфтаи Магнус Калкул аз ин навъ вирусҳо дар оянда хоҳанд буд. Магнус Калкул ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ширкати онҳо давои вируси Флеймро ёфтааст ва антивируси ин ширкат метавонад дар компютер пайдо ва онро нест кунад.
XS
SM
MD
LG