Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси боз шаш генерали мустаъфӣ дар Туркия


Ҳукумати феълии Туркия бо низомиён мушкил надорад
Ҳукумати феълии Туркия бо низомиён мушкил надорад
Дар Туркия бо ҳукми додгоҳ шаш генерали мустаъфӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Онҳо дар ширкат дар барканории нахуствазири собиқи Туркия Наҷмиддин Эрбакон аз мақом дар соли 1997 айбдор мешаванд. Мақомоти феълии Туркия ҳаводиси 15 соли пешро чун табаддулоти давлатӣ арзёбӣ мекунанд.

Миёни боздоштшудагон, аз ҷумла, Илхон Килич, собиқ Дабири кулли Шӯрои амнияти миллӣ, ҳамчунин фармондеҳони собиқи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва нерӯҳои пиёдагард низ ҳастанд.

Қаблан аз рӯи ҳамин парванда даҳҳо генералу афсарони баландмақом боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG