Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) дар шаҳри Душанбе ташкили ҷаласа хоҳанд дод.

Қарор аст ин ҷаласа рӯзи шашуми моҳи июни соли ҷорӣ баргузор шавад.

Абдусамеъ Додобоев, масъули Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 29 май ба радиои Озодӣ гуфт, дар нишасти навбатии масъулини мақомоти тафтишотии кишварҳои узви ин созмон, масоили муҳим, аз ҷумла ҳамоҳангии мақомот дар мубориза алайҳи созмонҳои ифротӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ҷиноятҳои хосияти фаромиллидошта, табодули иттиллоъ дар бораи сарчашмаҳои молиии эҳтимолии терроризм ва коррупсия, қочоқи маводди мухаддир ва инсон мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ дар назар аст, ки дар поёни ҳамоиш асноди расмӣ аз сӯи Додситонҳои кулли кишварҳои узви СҲШ ба имзо бирасад.

Нишасти қаблии додситонҳои кулли СҲШ дар шаҳри Алмаато баргузор шуда буд.

Ҷаласаи Додситонҳои кулли кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Шерхон Салимзода, Додситони куллии Тоҷикистон доир хоҳад шуд.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой як созмони минтақаӣ буда дар он Чин, Русия Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон шомил мебошанд.
XS
SM
MD
LG