Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзади Ихвон-aл-муслимин ва охирин сарвазири даврони Ҳуснӣ Муборак ба даври дувуми интихоботи Миср роҳ ёфтанд.

Комиссияи интихоботии Миср гуфт, ба даври дувуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ, ки рӯзҳои 16 ва 17-уми июн доир хоҳад шуд, номзади Ихвон-aл-муслимин Муҳаммад Мурсӣ ва охирин сарвазири даврони Ҳуснӣ Муборак - Аҳмад Шафиқ роҳ ёфтаанд.

Раиси ин комиссия Форуқ Султон дар нишасти хабарие дар Қоҳира гуфт, аз 12 номзад ягон нафар дар даври аввал миқдори кофии ороро ба даст наовард: “Ба ин далел, ки ягон номзад аксарияти ороро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ соҳиб нашуд, даври дувум, тибқи банди 40-уми қонуни интихоботи раисиҷумҳур, байни доктор Муҳаммад Мурсӣ ва доктор Аҳмад Муҳаммад Шафиқ, ки орои аз ҳама бештарро ба даст овардаанд, доир хоҳад шуд.”

Форуқ Султон гуфт, дар даври аввал Мурсӣ 5 миллиону 760 ҳазор раъй ва Шафиқ ҳудуди 5,5 миллион раъй ба даст овардаанд. Ба гуфтаи куммиссиюни интихобот, дар даври аввал, ки 20-уми май доир шуд, 46 дарсад аз 50 миллион мардуми соҳиби райъ ширкат кардаанд. Форуқ Султон иддаои ду номзади шикастхӯрда дар бораи вуҷуди тақаллуб дар ҷараёни раъйгириро рад кард. Дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср баъд аз суқути режими Ҳуснӣ Муборак 12 номзад вориди набард шуда буд. Аммо ин маърака ҷудоӣ дар ҷомеаи Мисрро боз ҳам амиқтар кардааст.

Форуқ Султон

Форуқ Султон

Бисёриҳо нигаронанд, ки пирӯзии Аҳмад Шафиқ метавонад эҳёи режими Муборакро дар пай биорад. Рӯзи душанбе садҳо нафари норозӣ аз роҳ ёфтани Шафиқ ба даври дувум ба кӯчаҳои Қоҳираву Искандария рехтанд. Матбуоти давлатӣ мегӯяд, ҳудуди 500 тан дар майдони Таҳрири Қоҳира шиор мезаданд, ки “Мардум бори дувум суқути режимро мехоҳад.”

Бо ин ҳол, Аҳмад Шафиқ рӯзи шанбе ваъда дод, ки дар сурати пирӯзиаш барои таҳкими дастовардҳои инқилоби “Баҳори Араб” талош хоҳад кард. Аммо агар Муҳаммад Мурсии исломгаро баранда шавад, Ихвонулмуслимин метавонад ба назорати бештар бар ниҳодҳои давлатӣ даст биёбад, чунки ин созмони исломгаро дар интихоботи парлумонӣ алакай қариб нисфи курсиҳои маҷлисро соҳиб шудааст.

Аммо то замони тасвиби Қонуни нави асосӣ ҳанӯз маълум нест, ки раисиҷумҳури Миср чӣ салоҳиятҳоеро хоҳад дошт. Нигарониҳое вуҷуд дорад, ки низомиҳо, ки феълан умури давлатии Мисрро дар даст доранд, шояд дар пайи таҳвили қудрат ба ҳукумати мулкӣ ҳам як бахши қудратро барои худ нигоҳ бидоранд. Миср дар ҳоле роҳии даври дувуми интихоботи раисиҷумҳур мешавад, ки қарор аст, додгоҳ рӯзи 2-уми июн ҳукми раиси пешини ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборакро эълон кунад.

Муборак аз соли 1981 тайи 30 сол раҳбарии Мисрро дар даст дошт ва аз ҳокимони худкома ва хеле пурқудрати Ховари Миёна ба шумор мерафт. Вале режими маҳками ӯ дар моҳи феврали соли 2011 дар натиҷаи эътирозҳои густардае, ки дар матбуот “Баҳори Араб” номаш мебаранд, суқут кард. Баъд аз ҳамагӣ ду моҳи тарки мақом Муборак ва ҳарду писараш - Ҷамол ва Ало - боздошт шуданд. Ҳуснӣ Муборак акнун ба фасод ва судури амри қатли садҳо эътирозгар айбдор мешавад.

Гурӯҳе аз тазоҳуркунандагон рӯзи 28-уми май ситоди номзади интихоботи президентии Миср, Аҳмад Шафиқро дар Қоҳира оташ заданд. Аз талафотиҷонӣ хабар нарасидааст. Гурӯҳе аз тарафдорони Шафиқ, ки дар давраи президент Ҳуснӣ Муборак муддате сарвазири кишвар будааст, ҷамъ омаданд ва изҳори норозигӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG