Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Маскав аз сафири Амрико Майкл МакФол


Майкл МакФол
Майкл МакФол
Русия сафири Амрикоро ба нақзи одоби дипломатӣ ва тафсири сӯъи сиёсати хориҷии Маскав айбдор кард. Як мояи интиқод аз Майкл МакФол мулоқоти рӯзи 25 май бо донишҷӯён буд, ки гуфтааст, Русия ба раҳбари Қирғизистон дар ивази хуруҷи пойгоҳи ҳавоии Амрико пул ваъда кардааст. Вазорати хориҷаи Русия МакФолро айбдор кард, ки сиёсати хориҷии Маскавро дар масоиле, чун баҳси ҳастаии Эрон низ тафсири сӯъ мекунад. МакФол дар Twitter навишт, “ сӯҳбати дипломатиро ҳанӯз меомӯзад.” Ҳамлаи вазорати хориҷа ба Майкл МакФол дар пайи силсилаи ҳамлаҳои матбуоти давлатист, ки мегӯяд, ҳадафи ӯ ҳимоят аз раҳбарони мухолифин аст.
XS
SM
MD
LG