Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории вазири нафту гази Туркманистон


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов вазири нафту газашро ба иллати “камбудиҳои ҷиддӣ” барканор кард. Байрамгелдӣ Нодиров рӯзи 25 май, ҳамагӣ 2 рӯз баъд аз имзои қарордоди бунёди лӯлаи газ то Покистону Ҳинд сабукдӯш шуд. Дафтари Бердимуҳаммадов аммо ба чӣ “камбудии ҷиддӣ” роҳ додани Нодировро, ки аз августи соли 2008 вазири нафту газ буд, шарҳ надодааст. Какагелдӣ Абдуллоев – муовини раиси ширкати давлатии “Туркменгаз” иҷрокунандаи вазири нафту гази Туркманистон таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG