Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми зиндони 5 афсари пулиси Қазоқистон


Додгоҳи Қазоқистон 5 мақоми пулисро ба далели нақши онҳо дар ошӯби моҳи декабри коргарони нафт дар шаҳри Жанаозен аз 5 то 7 сол ҳукми зиндон дод. Се тани онҳо мақомҳои аршади пулиси вилояти Мангистав будаанд. Додгоҳи Мангистав онҳоро ба сӯъиистифода аз мақом дар ҷараёни саркӯбии ошӯби Жанаозен, ки мунҷар ба ҳалокати 16 нафар шуд, муҷрим шинохт. Рӯзи 17 май посбони собиқи боздоштгоҳи Жанаозен низ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Бо ин ҳол, мурофиаи 37 тани дигар бо иттиҳоми таҳрик ба ошӯби Жанаозен ҳанӯз идома дорад.
XS
SM
MD
LG