Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз 3 сарбози НАТО дар Афғонистон


Дирӯз ду сарбози НАТО дар натиҷаи суқути чархбол дар шарқи Афғонистон ҳалок шуда, як сарбози дигари хориҷӣ дар ҷануби ин кишвар дар задухӯрд бо чирикиҳо ҷон бохтааст. НАТО ҳувият ва миллияти ин 3 сарбози кушташударо эълон накардааст. Танҳо дар 3 рӯзи охир дар Афғонистон 10 сарбози хориҷӣ кушта шуданд. Дирӯз дар шарқи Афғонистон як ҳавопаймои НАТО ҳам суқут кард, вале ин сониҳа талафоти ҷонӣ надоштааст. Вале Толибон иддао доранд, ки ду чархболи НАТО-ро суқут додаанд.
XS
SM
MD
LG