Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қароргоҳи Аҳмад Шафиқро оташ заданд


Шафиқ(аз рост) ва рақибаш Мурсӣ
Шафиқ(аз рост) ва рақибаш Мурсӣ
Хабарҳои расида аз Миср ҳокист, ки гурӯҳи эътирозгарон рӯзи душанбе ситоди номзад ба президентӣ Аҳмад Шафиқро ғорат карда ва сипас оташ задааст.Ин ҳамла ҳамагӣ чанд соат баъд аз эълони хабари ба даври дувуми интихобот роҳ ёфтани Шафиқ ва номзади Ихвонулмуслимин Муҳаммад Мурсӣ сурат гирифт. Даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Миср рӯзҳои 16 ва 17 июн доир хоҳад шуд. Дирӯз садҳо тани норозӣ аз роҳ ёфтани Шафиқ ба даври дувум дар Қоҳира ва Искандария тазоҳурот карданд. Шафиқ охирин сарвазири даврони Ҳуснӣ Муборак буд ва бисёриҳо нигаронанд, ки пирӯзии ӯ метавонад эҳёи режими Муборакро дар пай биорад. Муборак моҳи феврали соли 2001 дар натиҷаи эътирозҳо барканор шуд.
XS
SM
MD
LG