Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Узбакистон аз 21 май истифодаи телефонҳои мобилро дар мактабҳо маҳдуд кардаанд. Бино ба хабарҳо, толибилмон акнун муваззафанд, қабл аз вуруд ба дари мактаб телефонҳои худро хомӯш карда, ба сумка андозанд. Дар киса ё гардан гардондани телефонҳо ва аксбардорӣ дар соати дарсӣ низ дар Узбакистон аз ин ба баъд манъ шудааст. Ба омӯзгорон ҳаққи мусодираи телефони поймолкунандагони ин қоидаро додаанд. Ҳадаф аз ин маҳдудиятҳо “эҷоди шароит барои ташкили муассиртари раванди таълиму тарбия” гуфта мешавад.
Дар Тоҷикистон истифодаи телефонҳои мобил барои хонандагони макотиб ва донишҷӯёнро ҳанӯз аз соли 2007, дар чорчӯби қонунҳои танзими хароҷот манъ карда буд.
XS
SM
MD
LG