Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия боҷи бензинашро 26 доллар кам мекунад


Русия боҷи содиротии маводи сӯхташро аз 1 июн каме пойинтар хоҳад кард. Тибқи қарори ҳукумати он кишвар, боҷи як тонна бензин аз моҳи июн аз 403,7 то 377,8 доллар коҳиш хоҳад ёфт. Русия аз соли 2010 ба содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ эъмол кард, ки боиси афзоиши нархи маводи сӯхт дар ин кишвар шуд. Ба навиштаи “Азия Плюс”, Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 130 000 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 150 миллион доллар ворид кардааст, ки 63 фоизаш аз Русия аст. Аммо имсол воридоти маводи сӯхт аз Русия ба Тоҷикистон 15 фоиз камтар шудааст.
XS
SM
MD
LG