Пайвандҳои дастрасӣ

Украина аз бозиҳои футболи Аврупо даромад мехоҳад


Мақомоти расмии Украина мегӯянд, ки ин кишвар дар ҷараёни бозиҳои қаҳрамонии “Аврупо-2012” метавонад 1,5 миллиард доллар даромад ба даст орад. Ин бозиҳо 8 июн ҳамзамон дар варзишгоҳҳои Полша ва Украина оғоз меёбад. Вазири Украина Борис Колесников ба матбуоти маҳаллӣ гуфтааст, мақомоти расмии кишвар мехоҳанд, ки дар он рӯзҳо тоҷирони Украина, аз ҷумла тарабхонаҳову, меҳмонсароҳо ва соири нуқот бо тамоми ниру хадамоти худро ба муштариён пешкаш кунанд. Колесников гуфтааст, ки кишвараш барои таъмиру сохтмони меҳмонсароҳо тақрибан 5 миллиард доллар сарф кардааст.
XS
SM
MD
LG