Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқоти Лавров ва Ҳейг роҷеъ ба Сурия


Виллиям Ҳейг ва Сергей Лавров
Виллиям Ҳейг ва Сергей Лавров
Имрӯз Виллиям Ҳейг ва Сергей Лавров-вазирони корҳои хориҷаи Британия ва Русия дар Маскав гуфтанд, онҳо ба тавофуқ расидаанд, ки ба ҳукумати Сурия фишор меоранд, то нируҳояшро аз маҳаллоти зист дар Сурия берун кашад. Музокироти Ҳейг ва Лавров дар Маскав замоне анҷом мегирад, ки 25 май дар яу ҳамлаи хунин дар деҳаи Ҳолаи Сурия 108 нафар кушта шуданд. Аксари онҳо занону кӯдакон буданд. Дар ҳамин ҳол, Кофӣ Аннон-фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Араб як рӯз пеш аз музокироти барномарезишудааш бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия вориди Димишқ-пойтахти ин кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG