Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳишҳои журналистӣ сармоя мехоҳад, иттилоот ҳам


Нишасти журналистони тоҷик дар Рӯзи озодии баён (акс аз бойгонӣ)

Нишасти журналистони тоҷик дар Рӯзи озодии баён (акс аз бойгонӣ)

Бо вуҷуди теъдоди зиёди нашрияҳо ва расонаҳои ахбори умум, суолҳои зиёди шаҳрвандон беҷавоб ва асрори рӯйдоду падидаҳои гуногун дар паси парда боқӣ мемонанд.

Ин ақидаи ҷомеъашинос Санавбар Шерова аст, ки мегӯяд, барои бардоштани парда аз асрорҳо ва пайдо кардани посух ба садҳо суоли беҷавоб, журналистон бояд мавзӯъҳои ҳассосро мушикофона баррасӣ намоянд.

Ин ақидаро, ки асроркушоӣ аз падидаҳои гуногуни иҷтимоӣ пажӯҳиш ва тадқиқро мехоҳад, бисёре аз журналистон низ ҳимоят мекунанд. Журналисти тоҷик Ёқуби Саид мегӯяд, агар барои журналистони тоҷик шароити мусоид фароҳам оварда шавад, онҳо аз ӯҳдаи пажӯҳишҳои нодир мебароянд: “Ҳоло агар мо нашрияҳоро Ёқуби Саид, рӯзноманигори тоҷик

Ёқуби Саид, рӯзноманигори тоҷик

варақ занем, кам андар кам пажӯҳишҳоеро мебинем, ки рӯйи чоп омадаанд. Дар ҳоле, ки онҳо бояд гузаронида шаванд ”

Дар Тоҷикистон 7 сол аст, ки Маркази тадқиқоти журналистӣ амал мекунад. Ин марказ маъмулан ба ташкил ва гузаронидани пажӯҳишҳои журналистӣ машғул буда, дорои се нашрия - «Фараж”, “Самак” ва “Ману ту” аст. Маъмулан маводи пажӯҳишии ин созмон дар нашрияҳои мазкур рӯйи чоп меоянд ва ахиран ин Марказ маҷмӯи пажӯҳишҳои тӯли ҳафт сол анҷом додаи хабарнигорони тоҷикро зери унвони “Тӯмори андӯҳ” ба табъ расонид.

Дилшоди Абдулмаҷид, корманди Маркази тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, онҳо одатан масъалаҳои марбут ба баҳсҳои додгоҳиро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳанд: “Мушкил дар дастрас кардани маълумот аз идораҳо аст. Бисёр баҳонаҳо пеш меоранд, ки бо таври хаттӣ муроҷиат кунед. Агар расман муроҷиат кунем, хеле дер посух медиҳанд.”

Саҳми Созмони байнулмилалии дастгирии ВАО-и мустақар дар Дания, дар рушди журналистикаи пажӯҳишӣ дар Тоҷикистон муҳим шумурда мешавад. “Фарзандхонӣ дар Тоҷикистон”, “Харидории шаҳодатномаи ронандагӣ”, “Қимати саломатӣ” аз мавзӯҳоеанд, ки ин созмон аз миёни 20 мавзӯи пажӯҳишии журналистони тоҷик, интихоб ва маблағгузорӣ мекунад. Созмони мазкур барномаи шабакаи журналистони пажӯҳишгар ё SCOOP-ро барои нахустин бор дар Тоҷикистон бо эълони озмуни беҳтарин пажӯҳиши журналистӣ, роҳандозӣ кард.

Муҳайё Нозимова, раҳбари барномаи мазкур дар Тоҷикистон мегӯяд, барномаҳои пажӯҳишии журналистони ҷавон ба маблағи 4 ҳазор евро маблағгузорӣ мешавад: “Вақте ки мо маводҳои тарҷума кардаи журналистонро мегирем, мо ҳатман ба ҳуқуқшинос онро месупорем то ин ки аз назари ҳуқуқӣ онро таҳрир намоянд. Баъдан он ба забони англисӣ тарҷума шуда дар нашрияҳои байнулмилалӣ бо забони англисӣ ва дар нашрияҳои дохилӣ бо забони тоҷикӣ нашр мешавад.”

Вазъи таваллудхонаҳо дар деҳоти кишвар, қочоқи инсон, хариду фурӯши дорувории башардӯстона, вазъи собиқ маҳбусон баъд аз расидан ба озодӣ ва амсоли инҳо, аз мавзӯъҳое буданд, ки хабарнигорон барои таҳқиқот пешниҳод намуданд ва аммо маблағгузории онҳо барои оянда вогузор шудааст. Муҳайё Нозимова мегӯяд, созмони байналмилалии дастгирии ВАО, баъд аз боварӣ ҳосил намудан ба малакаҳои пажӯҳишии хабарнигорони тоҷик, лоиҳаҳои бештарро маблағгузорӣ хоҳад кард.

Муҳайё Нозимова, рӯзноманигори тоҷик

Муҳайё Нозимова, рӯзноманигори тоҷик

Ба гуфтаи Муҳайё Нозимова, минбаъд ташаббусҳои журналистон дар роҳандозии пажӯҳишҳои ҷолиб дастгирӣ шуда ҳузури онҳоро дар конфронсҳои байнулмилалӣ таъмин мекунад: “Тадқиқоти журналистӣ на танҳо вақт, балки маблағи муайянро талаб мекунад. Аммо расонаҳои хабарии мо чунин имкониятро надоранд. Ва аз ин рӯ онҳо бояд аз ин имкониятҳо истифода бикунанд.”

Дар ҳамин ҳол як гурӯҳ аз журналистони касбӣ изҳор медоранд, ки ҳатто аз ҳисоби худ омодаанд пажӯҳишҳои зиёди журналистӣ баргузор кунанд, аммо эҷоди мушкил дар баъзе аз сохторҳои зиддахл ва монеаҳои бюрократӣ барои ба даст овардани иттиллоъ, онҳоро дилсард ва пажӯҳишҳоро нотамом мегузорад.

Холиқназар Ҷумъаев, хабарнигори пажӯҳишгар мегӯяд, аксари масъалаҳои тадқиқотие, ки дар рӯзномаҳои тоҷик нашр мешаванд, бе ҷавоб боқӣ мемонанд. Дар ҳоле ки президекнти кишвар бо судури як фармон афроди масъулро вазифадор кардааст, ки ба ин матолиб посухи расмӣ бидиҳанд: “Аз як ҷиҳат ин пажӯҳишҳо хуб ҳастанд. Мавриди санҷиш қарор нагиранд ҳам мавзӯро мекушоянд.”

Бо ин вуҷуд Холиқназар Ҷумъаев меафзояд, пажӯҳишҳои журналистӣ бо ҳар роҳе набошанд, бояд гузаронида шуда ба табъ расанд.Зеро онҳо ба хонанда умед мебахшанд ва ҳарчанд натиҷаи ҳамонзамонӣ намедиҳанд, дар дарозмуддат ба вазъ таъсир хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG