Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ намозгузорӣ дар "Муҳаммадия"-ро манъ кардааст


Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гуфт, бо қарори додгоҳи Ваҳдат розӣ нестанд ва ба зинаҳои болотари он шикоят хоҳанд бурд.

Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат дар пайи баррасии шикояти масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон аз болои масҷиди "Муҳаммадия" ва муассисони он -- Тӯраҷонзодаҳо намозгузорӣ дар ин масҷидро комилан манъ кардааст. Ин хабарро Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори тоҷик, ки аз муассисони ин масҷид мебошад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард.

Ӯ гуфт, панҷ рӯзи пеш додгоҳи ноҳияи Ваҳдат ба унвонии онҳо нома фиристода ва дар он фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия"-ро мамнӯъ донистааст. Ба қавли ҷаноби Тӯраҷонзода, бино бар қарори додгоҳ хондани намози панҷвақта дар ин масҷид, ки қаблан иҷозат буд, комилан манъ шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Тӯраҷонзода дар шикояти Кумитаи дини Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Ваҳдат таъкид шуда буд, то хондани намози ҷумъа дар ин масҷид манъ шавад, на гузоштани намози панҷвақта. Вай мегӯяд, онҳо аз ин қарори додгоҳи ноҳияи Ваҳдат розӣ нестанд ва ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Дар авохири соли гузашта Кумитаи дини Тоҷикистон баргузории намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия"-ро барои се моҳ манъ карда буд. Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, барои фаъолияти ин масҷид иҷозат дода мешавад. Вале Кумитаи дин гуфт, дар ин муддат камбудҳо ислоҳ нашудаанд ва ба ин далел ба додгоҳи ноҳияи Ваҳдат шикоят бурда буд.
XS
SM
MD
LG