Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе боз чанд бинои 16-ошёна месозад


Шаҳрдории Душанбе дар асоси қарордоди сеҷониба миёни Раёсати сохтмони асосии шаҳр ва Ҷамъияти масъулияти маҳдуди "Ростовгипрошахт"-и шаҳри Ростови Русия сохтмони биноҳои баландошёнаро дар пойтахти кишвар шурӯъ хоҳад кард. Барои амалисозии ин тарҳ бо қарори раиси Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷаи шаҳр зиёда аз 4 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Лоиҳаи мазкур дар масоҳати 72 гектар замин бунёди чаҳор адад бинои баландошёнаро пешбинӣ намудааст. Сохтмони мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ наздики Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон анҷом шуда, а3 12 то 16 ошёнаро дар бар мегиранд. Ин биноҳо дар баробари маркази савдо ҳамчунин аз таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата иборат хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG