Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон гурӯҳи дипломфурӯш боздошт шуд


Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо эҳтимоли қочоқи дипломҳои тақаллубии донишгоҳҳои ин кишвар як гурӯҳи чанднафариро боздошт кардааст.

Нозирҷон Бӯриев-сухангӯи ин кумита гуфт, дар ин гурӯҳи 5 нафарӣ 2 зан низ будаанд ва чанд сол дипломҳои тақаллубиро ба “муштариён” ба савдо задаанд.

Ин гурӯҳ аз соли 1990 то имрӯз беш аз 100 дипломи тақаллубиро таҳия ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Ирон, Афғонистон, Узбакистон ва Русия ба арзиши 300 то 800 доллар фурӯхтааст.

Бо “кӯмак”-и ин гурӯҳ, 50 шаҳрванди Тоҷикистон, 10 шаҳрванди Узбакистон, 3 шаҳрванди Ирон, 2 шаҳрванди Русия ва 1 шаҳрванди Афғонистон соҳиби диплом шудаанд ва бо ин дипломҳо кор пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG