Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Узбакистон сокини Тоҷикистонро 6 сол маҳкум кард


Додгоҳи ноҳияи Попи вилояти Намомангони Узбакистон Ҳамзаалӣ Хидиров-сокини ноҳияи Ашти Тоҷикистонро ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Дар ин бора 28-уми май ба Радиои Озодӣ Иқбол Нуриддинов-яке аз пайвандони сайёди аштӣ хабар дод. Вай гуфт, хонадони Хидиров аз додгоҳи ноҳияи Попи вилояти Намангони Узбакистон барқия гирифта ва дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии "сайёди рабудашудаи тоҷик" ширкат кардаанд.

Додгоҳи Узбакистон Хидировро барои убури ғайриқонунӣ аз марз муттаҳам кардааст. Вале марзбонони Узбакистон вайро дар зодгоҳаш деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG