Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Арзонтарин пивои дунё дар Тоҷикистон будааст


Бар асоси як таҳқиқот, ки дар торнамо (сайт)-и pintprice.com нашр шуд, арзонтарин пиво (оби ҷав)-и дунё дар Тоҷикистон будааст.

Як пинти пиво, ки баробари 568 милилитр аст, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 29 пенс (пули хурди бритониё чун дирам дар Тоҷикистон) арзиш доштааст, ки ин назар ба нархи пиво дар Бритониё 10 баробар камтар будааст.

Баъд аз Тоҷикистон Панама бо пивои арзонаш шӯҳрат доштааст, вале як пинти пиво дар онҷо назар ба Тоҷикистон 2 пенс қимматтар аст. Ин таҳқиқот баландтарин нархи пиво - 7 фунт стерлингу 35 сент барои ҳар пинти оби ҷав ва 25 маротиба қимматтар аз пивои тоҷикиро дар Гренландия мушоҳида кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар оғози соли 2011 Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо нашри гузорише гуфта буд, ки сокинони Тоҷикистон дар муқоиса ба мардуми кишварҳои дигар камтар машрубот менӯшанд. Дар гузориши як сол пеши ин созмон омадааст, сари ҳар фарди болиғ дар Тоҷикистон солона камтар аз 3 литру 400 грам машрубот мувофиқ меояд.

Раддабандӣ ҳам шудааст, ки дар Тоҷикистон мардум асосан ба кадом навъи машрубот майл доранд. Каме бештар аз 20 дарсади сокинони Тоҷикистон оби ҷав ва ё пиво мехӯрдаанд, 5 дарсад май ва ё вино ва 74 дарсад машруботи спиртӣ.

Гароиши мардум ба арзишҳои мазҳабӣ як омили умдаи коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот дар Тоҷикистон ном бурда мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар оғози соли ҷорӣ мақомоти тоҷик гуфтанд, тавлиди машрубот дар ин кишвар баъд аз суқути Шӯравӣ 10 маротиба коҳиш ёфта, бозори маҳаллиро асосан машруботи сохти Русия пур мекунад.
XS
SM
MD
LG