Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Тадич мехоҳад нахуствазир шавад


Борис Тадич
Борис Тадич
Борис Тадич–раиси ҷумҳури пешини Сербистон, ки дар интихоботи моҳи май мағлуб шуд, мумкин аст ба дарёфти мақоми нахуствазирии ин кишвар мушарраф шавад. Музокирот барои ташкили ҳукумати эътилофӣ имрӯз баъд аз мулоқот бо Томислав Николич-раиси ҷумҳури мунтахаб дар Белград-пойтахти Сербистон оғоз мешавад. Николич дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 20 май бар Тадич пирӯз шуд. Бино ба гузоришҳо, Николичро водор хоҳанд кард, ки Борис Тадичро ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод кунад. Ҷонибдорони Тадич дар порламон зиёданд.
XS
SM
MD
LG