Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 26-ум ва 27-уми май бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дар панҷ бозӣ мизбонон ғолиб омаданд. Танҳо як бозӣ бо пирӯзии меҳмонон анҷом ёфт. Мизбонон 11 гол ва меҳмонон 6 гол ба самар расонданд.

“Ҳосилот”-и Фархор аввалин бор дар мусобиқаи Лигаи олӣ шаҳди ғалабаро чашид. Вале “Гвардия”-и Душанбе танҳо дастаест, ки то ҳоло ғалаба накардааст. “Равшан”-и Кӯлоб аз ҳама бештар - дар 7 бозӣ ғолиб омадааст.

“Регар-ТадАЗ” бошад, ягона дастаест, ки бохт надорад. Футболбозони шаҳри Турсунзода ба дарвозаи ҳарифонашон аз ҳама бештар – 18 тӯб зада, аз дарвозаи худ ба мисли “Вахш”-и Қӯрғонтеппа аз ҳама камтар – 4 тӯб сар додаанд. “Гвардия” аз ҳама камтар – 3 гол зада, аз ҳама бештар – 25 гол хӯрдааст.

Натоиҷи бозиҳои даври ҳаштум:

"Ҳосилот" (Фархор) - "Хуҷанд" (Хуҷанд) - 1:0.
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор.
Гол: Тюфилус Лаве, 51.

"Истаравшан" (Истаравшан) - "Вахш" (Қӯрғонтеппа) - 2:1.
Варзишгоҳи ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Голҳо: Бахтиёр Абдураҳмонов, 66, Бахтиёр Холиқов, 90+2 - Комрони Мирзохон (52).

"Истиқлол" (Душанбе) - ССКА "Помир" (Душанбе) - 4:1.
Варзишгоҳи КМВА-и вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Голҳо: Дилшод Восиев (ду гол - 61 - аз пеналтӣ, 73), Александр Кудряшов (ду гол - 63, 83) - Раҳматулло Фузайлов (87).

"Зарафшон" (Панҷакент) - "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) – 1:4.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент.
Голҳо: Фирдавс Абдуллоев, 90+1 – Комил Саидов - ду гол, 13, 27, Сайриддин Ғаффоров, 30, Аҳтам Ҳамроқулов, 63.

"Равшан" (Кӯлоб) - "Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров) – 1:0.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб.
Гол: Фозилҷон Сатторов, 76.

"Энергетик" (Душанбе) - "Гвардия" (Душанбе) – 2:0.
Варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе.
Голҳо: Габриэл Донто, 43, Шодибек Ғаффоров, 88.



Бозии “Истиқлол” ва ССКА “Помир”-ро дар варзишгоҳи Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Камол Алиспоҳич, сармураббии дастаҳои мунтахаби милливу ҷавонони кишвар, Шариф Назаров, раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ” ва шогирдонаш - собиқ бозигарони дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев (ҳоло мудири варзишии дастаи “Рубин”-и Қазон), Вазген Манасян (дар шаҳри Полтаваи Укроина ба сар мебарад), Асан Мустафоев (дар “Рубин” кор мекунад) ва Умед Алидодов (дар шаҳри Дубай фаъолият дорад) тамошо карданд.

Никола Кавазович, сармураббии “Истиқлол”, баъд аз анҷоми ин бозӣ дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “то гол ҳарифони мо хуб бозӣ карданд. Ҳатто дар нимаи аввали дидор як вазъияти хуби голзанӣ ҳам доштанд. Вале мо дар нимаи якуми бозӣ ягон вазъияти голзанӣ надоштем. Дар нимаи дувум тактикаи бозиро дигар кардем. Ҳуҷумҳои ҷавобии мо бо голҳо анҷомид ва бо ҳисоби калон пирӯз шудем.”

Никола Кавазович (рост) ва Алиёр Ашӯрмамадов (чап)

Никола Кавазович (рост) ва Алиёр Ашӯрмамадов (чап)

Алиёр Ашӯрмамадов, сармураббии ССКА “Помир”, иброз дошт, ки “мо баҳри ғалаба ба майдон омадем, вале бачаҳо дастури моро иҷро карда натавонистанд. Дар ҳайати дастаи мо, аслан, ҷавонон бозӣ мекунанд. 7 нафарашон 19-20-сола мебошанд. Дар нимаи аввал мо хуб бозӣ кардем, вале дар нимаи дувум “Истиқлол”, ки таҷрибаи бойи бозии байналмлалӣ дорад, бартарии комил дошт. Аз чаҳор легионери укроинӣ танҳо ҳамлагар Виктор Станенко аз ӯҳдаи вазифааш ба хубӣ баромада натавонист. Ҳарчанд чаҳор гол хӯрда бошем ҳам, аз бозии дарвозабон Анатолий Старушенко қаноатмандам.”

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Равшан"

8

7

0

1

15-5

21

2.

"Регар-ТадАЗ"

7

6

1

0

18-4

19

3.

"Истиқлол"

7

4

2

1

17-6

14

4.

"Вахш"

7

4

1

2

12-4

13

5.

“Энергетик”

8

3

4

1

15-10

13

6.

"Хайр"

7

3

2

2

13-12

11

7.

"Истаравшан”

7

3

2

2

12-12

11

8.

“Хуҷанд”

7

3

1

3

11-11

10

9.

ССКА “Помир”

7

2

2

3

9-13

8

10.

“Парвоз”

8

2

1

5

16-16

7

11.

“Зарафшон”

7

1

2

4

9-19

5

12.

"Ҳосилот”

8

1

0

7

6-19

3

13.

"Гвардия”

8

0

0

8

3-25

0


Нишонзанҳои беҳтарин: Габриэл Донто (“Энергетик”) - 8 гол, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) - 6 гол, Иброҳим Рабимов (“Истиқлол”), Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Шодибек Ғаффоров ("Энергетик") - 5-голӣ.

Даври 9-ум
2-юми июн (шанбе)


«Гвардия» - «Ҳосилот». Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

3-юми июн (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» - «Истаравшан». Варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода.
«Хуҷанд» - «Зарафшон». Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и Хуҷанд.

Се бозии даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз 2-юм ва 3-юми июн ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, “бозиҳои даври 9-уми мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - «Истиқлол»-и Душанбе, «Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров - “Энергетик”-и Душанбе ва ССКА “Помир”-и Душанбе - “Хайр”-и Ваҳдат мавқуф гузошта шуданд. Ин тасмим бинобар иштироки футболбозони ҷавони ин дастаҳо дар ҷамъомади таълимиву тамринии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар ҷаласаи бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон гирифта шуд. Бар асоси муқаррароти ФФТ дар мавриди се ва аз он бештар ба ҳайатҳои мунтахаби кишвар даъват шудани футболбозон бозиҳои дастаҳо ба мӯҳлати дертар гузаронида мешавад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонон, аз ҷумла, 7 бозигар аз “Вахш”, 6 нафар аз ССКА “Помир”, 5 нафар аз “Истиқлол”, сенафарӣ аз “Парвоз” ва “Энергетик” даъват шудаанд.
Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии Камол Алиспоҳич, мутахассиси босниягӣ, ки рӯзи 29-уми май дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шурӯъ шуд, то рӯзи 5-уми июн идома хоҳад кард. Футболбозони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё омодагӣ мебинанд.”


Навори голи "Равшан" ба дарвозаи "Парвоз"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG